Сохтмони нақби Шаҳристон анҷом меёбад

Август 3, 2012 13:51

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар айни ҳол дар нақби Шаҳристон кандани нақби нақлиётию ҳаводиҳӣ ба охир расида, танхо корҳои ободонию, бетонкунӣ боқӣ мондаанд. Дар нақб 665 нафар мутахассису коргар фаъолият мебаранд, то дар мӯҳлати муқарраршуда ин иншооти барои хоҷагии халқ заруриро ба истифода супоранд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҳамчунин ҷиҳати баргузории чорабинии ифтитоҳи нақб дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан корҳои омодагӣ идома дошта, ободонии мавзеъҳои аҳолинишин, пардози биноҳо ва дарахтони шафати роҳ амалӣ гардидааст. Қад-қади шоҳроҳи нақлиётии Айнӣ-Шаҳристон-Истаравшан шиору навиштаҷот ва лавҳаҳои ҷашнӣ овехта шудаанд.

Август 3, 2012 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд