«Созандагони Ватан» дар «АвруОсиёи ҷавон»

Август 24, 2012 15:02

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Аз 22 то 28 августи соли равон бо ташаббуси ҳизби «Шукуфоии Арманистон» дар шаҳри Сахкадзори Ҷумҳурии Арманистон Форуми ҷавонон таҳти унвони «авруОсиёи ҷавон» ҷараён дорад. Дар форум бо даъвати Иттифоқи ҷавонони ҳизби «Шукуфоии Арманистон» ду нафар намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» – Адҳам Мирсаидов ва Абдулло Нуров иштирок доранд. Тавре ки раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов аз шаҳри Сахкадзор хабар медиҳад, 23 август дар расми кушоиши форум зиёда аз 17 кишвари қаламрави АвруОсиё, роҳбарияти ҳизби «Шукуфоии Арманистон» иштирок намуданд. Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур тақвияти ҳамкорӣ миёни ҷавонони давлатҳои марбута ва ба ин восита мусоидат намудан ба ҳалли мушкилоти ҷавонон мебошад.

Август 24, 2012 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд