Стандартҳои нави мактабҳо

Август 31, 2012 14:47

Душанбе, 31 август.(АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар ҷаласаи коллегияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор стандартҳои таълимӣ, аз ҷумла барои синфҳои ибтидоӣ аз рӯи забони модарӣ ва риёзӣ, ҳамчунин аз рӯи забони тоҷикӣ ва биология барои синфҳои аз 5 то 9 тасдиқ гардиданд, ки онҳоро Академияи маорифи Тоҷикистон таҳия намудааст. Мувофиқи суханони президенти Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова, стандартҳои зикршуда бо мақсади татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар давраи то соли 2020 мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 таҳия гардидаанд. Стандартҳои нав салоҳият ва натоиҷи таълим аз рӯи ҳар фанро муайян намуда, ҷавобгӯи талаботи педагогикаи муосир буда ва дастовардҳои навтарини соҳаи таълиму тарбияро дар бар мегиранд.

Август 31, 2012 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд