«Суғд семент» ба истеҳсоли 100 ҳазор тонна семент оғоз намуд
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби ҶДММ «Суғд семент» корхонаи семент ба истеҳсоли озмоишии семент оғоз намуд.Иқтидори солонаи истеҳсоли сементи марҳилаи аввали корхона 100 ҳазор тонна сементро ташкил дода, дар айни замон 142 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. Корхона бо маблағи сармоягузори ватанӣ бунёд ёфта, таҷҳизоти он бо сарфи 1 млн. 842 ҳазор доллари амрикоӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст.Марҳилаи дуюми бунёди корхона баъди ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами марҳилаи аввал оғоз шуда, иқтидори он истеҳсоли 1 миллион тонна сементро дар як сол дар бар мегирад. Роҳбарияти корхона ба нақша гирифтааст, ки бо афзоиши иқтидори истеҳсолии корхона шумораи ҷойҳои кориро ба 300 адад расонад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






