Суқути Як-52 ва ҳалокати ду сарнишини он
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Рӯзи якшанбе, 19 августи соли ҷорӣ тақрибан соатҳои 10-00 ҳавопаймои Як-52-и Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ, дар шашкилометрии ғарби пойтахти Тоҷикистон зимни парвози таълимию нақшавӣ суқут кард, ки дар натиҷа ду сарнишини он капитан Сӯҳроб Бойпочоев ва капитан Алексей Кошелев ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Ф. Маҳмадалиев гуфт, дар ҳоли ҳозир як комисияи махсус таъсис шуда ва он сабаби садамаро мавриди омӯзиш қарор додааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






