Тӯҳфа ба Мавзуна
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз як тан ҳаводори асили муштзандухтари тоҷик, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон Мавзуна Чориева, ки дар айни замон дар вилояти Суғд фаъолият дорад, барои табрики ӯ омада, қолинро бо акси Мавзуна барояш ҳамчун рамзи эҳтиром тӯҳфа кард. Дидор дар толори дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сурат гирифт. Раиси Кумита М. Неъматов аз ташаббус ва меҳрубонии меҳмон нисбат ба Мавзуна, ки аз таваҷҷӯҳи хоссаи ӯ ба варзиш гувоҳӣ медиҳад, изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки Мавзуна- қаҳрамондухтари тоҷикистонӣ ифтихори миллат аст, чун дар бонуфузтарин чорабинии варзишӣ тавонист шарафи миллату ватанро ҳимоят кунад ва сабабгори партавафшон шудани Парчами Тоҷикистон гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






