Тӯҳфа ба варзишгарон

Август 7, 2012 10:18

Кӯлоб, 7 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Масъулини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб ба варзишгарон ва ҷавонони ноҳияи Балҷувон либос ва таҷҳизоти варзишӣ тӯҳфа карданд, ки маблағи умумии он 35 000 сомониро ташкил дод. Мақсад аз таъмини таҷҳизоти зарурӣ ҷалби ҷавонон ба варзиш ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ мебошад. Бояд гуфт, ки таҷҳизоти ҳадягардида 14 навъро дар бар гирифта, барои гузаронидани машқҳои тайёрии варзишгарон мувофиқ мебошад. Ҷавонписарони ноҳия соли гузашта дар ду мусобиқаи варзишии гӯштии тарзи дзю-до ва самбо ғолибият ба даст оварда, соҳиби 3 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.

Август 7, 2012 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд