Тақвияти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мухаддирот

Август 30, 2012 09:41

Душанбе, 30 август (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Мулоқоти роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаҳои ҳамкориҳои марзӣ, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд доир гардида буд, ба поён расид.Дар ҷаласа аз Тоҷикистон директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров ва аз Қирғизистон раиси хадамоти назорати маводи мухаддири назди Ҳукумати ҶҚ Кенешбек Душебаев сухан гуфта, таъкид намуданд, ки баргузории чунин ҷаласаҳои муштарак барои таҳкими ҳамкориҳо дар кори мубориза бо мухаддирот, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин дигар таҳдидҳои вобаста ба ноором сохтани вазъият дар минтақа имконият фароҳам месозад.Дар ҷараёни мулоқот ширкаткунандагон масъалаҳои баргузории яке аз намудҳои чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ – “Ирсоли назоратшаванда” бо мақсади кашфи ҳамаи занҷираҳои алоқаҳои ҷиноии объектҳои коркарди якҷоя ва роҳҳои интиқоли воситаҳои нашъаовар ва прекурсорҳоро дар кишварҳои ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҷонибҳо ба ҳам овардани нерӯ ва воситаҳо барои баргузории чорабиниҳои муштараки фаврию ҷустуҷӯӣ дар ноҳияҳои наздимарзии Ӯш ва Боткенти Қирғизистон ва вилояти Суғд ва ВМКБ Тоҷикистонро зарур донистанд.Дар поёни нишаст ҷонибҳо ба Протокол имзо гузоштанд. Қарор аст мулоқоти навбатии кории роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон моҳи июли соли 2013 дар шаҳри Бишкек доир гардад.

Август 30, 2012 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад