Тафтиши ногаҳонӣ
Қӯрғонтеппа, 30 август.(АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон ҳангоми рӯи кор овардани тафтиши махсуси ногаҳонӣ таҳти унвони «Чароғак» 36 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои ронандагиро ошкор намуданд. Тавре ки нозири калони шӯъбаи ташвиқу назорати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар натиҷаи тафтиши ногаҳонӣ ҳодисаҳои бе надоштани шаҳодатномаи ронандагӣ идора намудани мошин, риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати нақлиёт мутобиқи аломатҳои чароғак, ҳангоми рондани мошин телефони мобилиро истифода кардани ронандагон ва надоштани ҳуҷҷатҳо дар мавриди муоинаи техникии автомобил ошкор гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






