Таъиноти кадрӣ дар ВКХ ҶТ
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бо фармонҳои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Илҳом Бароталиевич Абдураҳмонов ба вазифаи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ва Ҷамшед Маҳмудович Бобоев Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъин шуданд.
Илҳом Абдураҳмонов пештар дар вазифаи сардори Раёсати молиявӣ ва Ҷамшед Бобоев дар вазифаи сардори Раёсати корҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекарданд.
Консулҳои навтаъин рӯзҳои наздик ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






