Талабагон бо китобҳои дарсӣ таъмин мешаванд?
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Роҳбарияти Вазорати маориф баҳри беҳтар шудани таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ ва илмию методӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд. Аввалан тибқи тасмими вазорат кулли китобҳои дарсӣ ва методӣ бояд дар нашриёти ватанӣ чоп гарданд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ 163 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 806 ҳазору 542 нусха нашр ва дастраси шӯъбаҳои маориф гардонда шуд. Ҳамчунин 124 ҳазору 699 нусха китоби гуногун, барнома ва маводи таълимӣ ба таври ройгон тақсим гардид.Тибқи иттилои директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Комил Исоев журналҳо барои синфҳои 5-11 дар ҶСШК «Матбуот» бо теъдоди 42 ҳазору 500 нусха нашр гардид, ки барои кулли мактабҳои ҷумҳурӣ басанда аст. Боиси тазаккур аст, ки тибқи тасмими Вазорати маориф китобҳои дарсӣ барои ақаллиятҳои миллӣ, барнома ва китобҳо барои кӯдакистонҳо ва методикаи таълими фанҳои гуногун таҳия ва нашр хоҳанд шуд. Ҳамчунин зиёда аз 100 ҳазор дафтари машқи хат барои синфҳои аввал чоп мегардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






