Таъмини бозори истеъмолӣ бо ғалла

Август 1, 2012 08:27

Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 343,9 ҳазор тонна гандум аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 қариб як маротиба зиёд аст. Аз ҳама муҳим, нархи гандуми воридгардида нисбат ба соли гузашта 97 доллари амрикоӣ арзон аст.Аз тарафи субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ то 1-уми июли соли ҷорӣ 520 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст.Дар баробари ин, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 190,3 ҳазор тонна орд бо нархи 336 доллари амрикоӣ барои як тонна ворид шудааст. Дар маҷмӯъ, дар айни замон дар ҷумҳурӣ ба андозаи 1 млн. 54,8 ҳазор тонна орду гандум захира шудааст, ки бозори истеъмолии аҳолии ҷумҳуриро пурра таъмин менамояд.Ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ғалла давом дорад. Дар давоми моҳи август ҷамъоварии ғалла дар ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ авҷ гирифта, дар моҳҳои сентябру октябр кӯфта гирифтани он комилан анҷом дода мешавад.«Бо вуҷуди хушксолии имсола дар як қатор давлатҳои калонтарини ғаллакори олам, хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷриба чанд соли охир ба гирифтани ҳосили дуюму сеюм муваффақ мегарданд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки аҳолӣ бо маводи ниёзи аввал пурра таъмин гардида, таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвар коҳиш дода шавад»,- иброз дошт вазири иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Август 1, 2012 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд