Танзими ҳаракати нақлиёт
Суғд, 27 август. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Кормандони шӯъбаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Истаравшан –Ғончӣ –Зафаробод –Шаҳристон дар 6 моҳи соли 2012 бо ҳамкории Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ва нозироти андоз дар шаҳри Истаравшан фаъолияти 5926 адад, дар ноҳияи Ғончӣ 331 адад, дар ноҳияи Зафаробод 242 адад, дар ноҳияи Шаҳристон 113 адад, дар маҷмӯъ фаъолияти 6612 адад воситаи нақлиётро мавриди санҷиш қарор доданд. Дар ин муддат 1376 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки 6 адади он нисбат ба 6 нафар шахси мансабдор барои вайрон кардани талаботи иҷозатнома тартиб дода шуд. Ҳамчунин аз тарафи шӯъбаи хадамоти давлатии назорат ва танзим ба 497 адад воситаи нақлиёти мусофиркаш ва 401 адад нақлиёти боркаш иҷозатнома дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






