Ташрифи сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тошканд ба Тоҷикистон

Август 23, 2012 10:53

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 25-26-уми августи соли равон сафирони кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳайати 41 нафар, бо ҳайати ҳамроҳонашон ва ҳамсару фарзандон ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.  Ба ҳайати меҳмонон сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои ИМА, Қазоқистон, Қувайт, Арабистони Саудӣ, Покистон, Бангладеш, Булғористон дар Ӯзбекистон, сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои Гурҷистон, Лаҳистон, Чехия, Куриё, Малайзия дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, кордорони сафорати мамлакати Ҳошимии Урдун, кордори сафорати Уммон дар Ӯзбекистон шомиланд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи барномаи сафар боздиди меҳмонон аз корхонаи ресандагии «Олим-Текстайлз», корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ», «САТН», Ҷамъияти саҳомии «Қолинҳои Қайроққум», шиносоӣ бо «Боғи миллии Ваҳдат», майдони Исмоили Сомонӣ, МД «Ҳавзи шиноварӣ», варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» ва КВДК «Кохи матбуот», минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», осорхонаи вилоятии таърихию кишваршиносӣ, инчунин бозори Панҷшанбе дар шаҳри Хуҷанд дар назар аст. Ҳайати меҳмонон дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум истироҳат хоҳад кард.

Август 23, 2012 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд