Таъсиси ИФ «Тоҷикистон-Амрико»
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Чанде пеш дар шаҳраки Фейрфакс, штати Вирҷинияи Штатҳои Муттаҳидаи Амрико бо ташаббуси ҳамватанон ва шаҳрвандони тоҷикистонии муқими ин давлат ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА маросими тантанавӣ бахшида ба таъсиси ҷамъияти фарҳангӣ бо номи «Иттиҳодияи фарҳангии Тоҷикистон-Амрико» барпо гардид. Аъзои ҷамъияти нав собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон, соҳибкорон ва донишҷӯёну аспирантҳои макотиби олии ШМА буда, ҳадафҳои асосии он — таблиғ ва муаррифии мероси бой ва куҳанбунёди моддӣ ва маънавии тоҷикон миёни қишрҳои мухталифи ШМА, таҳким ва рушди робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон ва шинос кардани намояндагони табақаҳои васеи мардуми Амрико бо дастовардҳои халқи тоҷик дар соҳаи фарҳанг, илм ва санъат, инчунин кӯмаки башардӯстона ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ятимхонаҳо ва дабиристонҳои Тоҷикистон мебошад. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА Н. Шамсов иброз намуд, ки Сафорати Тоҷикистон дар ШМА ҳама гуна иқдому ташаббуси ҳамватанони бурунмарзиро, ки барои ноил шудан ба ягонагӣ ва сарҷамъии тоҷикистониён равона гардидааст, дастгирӣ хоҳад намуд. Зимни муаррифии ҷамъияти тозабунёди тоҷикон дар ШМА раиси он ва собиқ шаҳрванди Тоҷикистон Владимир Федоренко ба ҳайати аъзо ва ҳозирин муроҷиат кард ва онҳоро ба саъю талош баҳри татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои минбаъдаи ҷамъият ҳидоят намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






