Татбиқи стандартҳои миллӣ
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 4 август дар Агентии «Тоҷикстандарт» ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии машваратӣ оид ба стандартизатсия ва баҳодиҳии мутобиқат доир гардид.
Дар Шӯро роҷеъ ба навгониҳои соҳа, қабули қонунҳои нав, аз ҷумла қонунҳои ҶТ «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи бехатарии маҳсулот», «Дар бораи стандартонӣ» ва як қатор санаду ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Зикр гардид, ки Кумитаи техникӣ оид ба стандартонии «Маҳсулоти хўрокворӣ» тибқи Барномаи соли 2012 ду лоиҳа: Стандарти миллии «Ҳалол» ва Стандарти миллии «Яхмос»-ро таҳия намуда, ба баррасии Институти лоиҳакашии «Тоҷикагролоиҳа» пешниҳод намуд.Аз оғози соли ҷорӣ дар Агентии «Тоҷикстандарт» 92 аризаи шикоятии шаҳрвандон, ки мазмунашон асосан аз паст будани сифати маҳсулот ва фиреби истеъмолкунандагон иборат аст, ворид шуда, ҳамаи онҳо дар мўҳлати кўтоҳтарин ҳалли худро ёфтанд. Инчунин қайд гардид, ки тибқи Барномаи «Стандартикунонӣ дар соҳаи сарфаҷўии энергия барои солҳои 2012-2015» ва дар асоси меъёрҳои стандартҳои иттиҳоди Аврупою Русия 8 стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шуданд. Бо назардошти ин, Агентии «Тоҷикстандарт» «Кумитаи техникӣ оид ба сарфаҷўии энергия, самаранокии энергетикӣ ва энергоменеҷмент»-ро таъсис дод, ки вазифаи асосии аз пешбурди стандартонии давлатии соҳаи энергетика ва қонунгузории ин соҳа иборат аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






