Тавсияҳои манфиатовари олимон

Август 31, 2012 08:24

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Олимони Пажӯҳишгоҳи хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт ҷиҳати беҳдошти ҳосилхезии хок, истифодаи самараноки замин, пешгирии таназзулёбӣ (эрозия)-и замин ва такроран аз шӯршавӣ нигоҳ доштани хок тавсияҳои манфиатнок доданд,- иброз дошт саркотиби Академия Давлатҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар».Олимон дар хоҷагиҳои ноҳияи Файзобод бо усули тасма-тасма ҷойгиркунии зироати ғалладонагию ҷуворимакка ва тавассути обмонии қатрагӣ пешгирии таназзули хоки талу теппаҳоро тавсия намуданд. Бо ин усул 20-25 фоиз ҷорӣ шудани об кам гардида, 40-45 фоиз шусташавии хок нигоҳ дошта шуд. Олимон ҳамчунин барои нигоҳ доштани нами табиии хок тавассути хасу хошок ва баргу навдаҳои ангури тозакардашуда, рӯйпӯшкунии ҷӯйякҳои ангурбоғҳоро тавсия доданд, ки он намии хоки атрофи ангурро 1,5-2 баробар зиёд намуда, ба ҳосилнокии ангурбоғҳо дар заминҳои нишеб ва талу теппаҳо мусоидат намуд.

Август 31, 2012 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд