«Тоҷикистон: 15 соли тафоҳум ва ваҳдат»
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус китоберо бо маводи Конфронси байналмилалии илмию назариявӣ зери унвони «Тоҷикистон: 15 соли тафоҳум ва ваҳдат», ки 26 июни соли 2012 дар шаҳри Минск баргузор гардида буд, ба табъ расонид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Тибқи иттилои манбаъ, конфронс бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Беларус дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин Маҷлиси миллӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Беларус гузаронида шуд. Дар китоб маърӯзаҳои иштирокчиёни Конфронси байналмилалии «Тоҷикистон: 15 соли тафоҳум ва ваҳдат», ки дар кори он сафирони кишварҳои хориҷӣ, олимони шинохта, ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва коршиносони кишвари иқомат иштирок доштанд, ҷамъ оварда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






