Тоҷикистон дар ЭКСПО «Чин-АвруОсиё»
Душанбе, 29 август.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Ярмаркаи байналмилалии ЭКСПО «Чин-АвруОсиё», ки аз 1 то 5 сентябр дар шаҳри Урумчии ноҳияи мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, иштирок менамояд. Ярмаркаи ЭКСПО «Чин-АвруОсиё» яке аз чорабиниҳои асосии кишвари Чин дар бахши доир намудани ярмаркаҳо маҳсуб меёбад, ки мақсад аз он барқарор намудани равобити тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари қитъаи АвруОсиё мебошад. Мавзӯи ин чорабинӣ «Рушди мутаносиби ҳамкорӣ ва фоидаи якдигар» аст. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин чорабинӣ Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси он Шариф Саид созмондиҳандаи намоишгоҳи Тоҷикистон дар ЭКСПО «Чин-АвруОсиё» ба шумор меравад. Дар ярмарка ширкатҳои асосии кишвар маҳсулоти худро ба маърази намоиш мегузоранд. Дар доираи ЭКСПО Рӯзи Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба ҳамкории иқтисодии Чин ва АвруОсиё таҷлил мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






