Тоҷикистон содироти фулузотро афзун намуд
Душанбе, 31 август.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Тайи 7 моҳи соли равон дар Тоҷикистон маблағи умумии содироти фулузоти қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо қариб 46 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2011 баробари 10 миллиону 400 ҳазор доллар, ё 29,2% зиёд аст. Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то охири соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ бояд 2тоннаю 441килограмм тилло истеҳсол карда шавад. Мувофиқи хабари Вазорати молияи кишвар, алҳол дар ҷумҳурӣ 8 корхонаи истихроҷи тилло бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ фаъолият дорад. Харидорони асосии фулузоти қимматбаҳо дар дохили ҷумҳурӣ Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






