«Тоҷикматлубот» ба имкониятҳои бештар ниёз дорад
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо мақсади дастгирии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, боздоштани баландравии нарх дар бозори истеъмолӣ ва дигар мақсадҳои наҷибе, ки ба некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, тадбирҳои самарабахш меандешад. Яке аз чунин тадбирҳо дар давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи он барои тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 мебошад, ки бо истеҳсолкунандагон беш аз 750 шартнома ба имзо расонидааст.Тибқи ин шартномаҳо 50 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ харид ва пешкаши аҳолии шаҳру ноҳияҳо мегардад.Бино ба гуфти раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» С. Валиев, қарор дода шудааст, ки дар давоми моҳҳои июн-август беш аз 25 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои тирамоҳ ва зимистони солҳои 2012- 2013 харид ва захира шавад. Бо ин мақсад 72 анбор ба масоҳати 2 млн. метри мураббаъ аз таъмир бароварда шуда, як қисми маҳсулот, аз қабили пиёз, картошка, сабзӣ ва даҳҳо тонна меваҳои хушлаззат барои нигоҳдорӣ захира шудаанд. — «Агар теъдоди хоҷагиҳои ёрирасони соҳаи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» на 76 адад (чуноне ки ҳоло вуҷуд дорад), балки 760 ададро ташкил медод, он гоҳ гуфтан мумкин буд, ки бозор бо рақиби пурқуввате рӯ ба рӯ аст, ки наметавонад монополисти ягона бошад. Аз ин рӯ ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» имконияти бештар додан лозим аст, то танзими нархро дар бозор ба роҳ монда, мардумро дар чор фасли сол бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намояд »,- иброз дошт иқтисоддон Абдушукур Ҳамидуллоев дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар».








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






