Убайдуллоев бо нахустин Епископи душанбегӣ мулоқот кард

Август 23, 2012 10:38

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дирӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе Епископ Питерин, сардори калисои православиянҳои рус ва Епископи душанбегӣ ва умумитоҷикистонӣ, ҳамчунин Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон ва Митрополит Викентий, сардори ҳавзаи Осиёимиёнагии Метрополити Калисои православии русро ба ҳузур пазируфт.  Шавкат Саидов сардори маркази матбуоти раиси шаҳр гуфт, ки аснои мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев Епископ Питеринро, ки бинобар бори нахуст дар ҳавзаи Осиёимиёнагии Метрополити Калисои православии рус таъсис ёфтани вазифаи Епископи душанбегӣ ва умумитоҷикистонии калисои православиянҳои рус ба ин симмат таъин гардидааст, шодбош намуда, изҳори боварӣ кард, ки идомаи фаъолияти ӯ ба ин вазифа ҷиҳати таҳкими фазои ҳамзистии осоиштаи мӯътақидони дини насронӣ ва кулли пайравони дину мазҳабҳои гуногун, ки дар шаҳри Душанбе иқомат доранд, мусоидати бештар менамояд. «Митрополит Викентий ва Епископ Питерин аз пазироӣ ва мӯҳтавои сӯҳбати анҷом гирифта бо раиси шаҳри Душанбе изҳори сипосмандӣ намуда, афзуданд, ки ҷониби онҳо тамоми зарфиятҳояшро баҳри густаришу тақвияти ҳамзистии осоиштаи пайравони дини насронӣ бо дигар намояндагони таркиби иҷтимоию адёнии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон сафарбар хоҳанд кард»,-афзуд манбаъ.

Август 23, 2012 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд