Вазъи демографӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 92,5 ҳазор кӯдаки навзод (бе назардошти сабти барқароркунии таваллуди солҳои гузашта) ва 17,9 ҳазор ашхоси фавтида, аз ҷумла 1,4 ҳазор кӯдаки то синни яксола ба қайд гирифта шудаанд.Дар асоси коэффитсиенти умумии таваллуд ва фавт мутаносибан ба 1000 нафар аҳолӣ 23,6 ва 4,6 нафар кӯдак рост меояд. Ин мазмуни онро дорад, ки аз 1000 нафар ҷуфти ҳамсарон 236 тифл ба дунё омада, 46 нафари он то ба синни яксолагӣ нарасида мефавтад.Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 47 ҳазору 765 нафар ва дар семоҳаи дуюм 44 ҳазору 733 нафар кӯдаки навзод ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии кӯдакони дар семоҳаи якуми соли 2012 таваллудшуда -9225 ва аз шумораи умумии кӯдакони дар семоҳаи дуюм ба дунё омада 8646 нафарашон фавтидаанд.Чунон ки маълум гардид, дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз 92 ҳазору 498 нафар тифли навзод 17 ҳазору 941 нафараш фавтидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз зиёд аст. Дар айни замон сабаби фавти кӯдакони навзод аз тарафи мутахассисони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ аз рӯи санаҳои таваллуду фавт таҳқиқ мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






