Вохӯрии Сафир бо роҳбари МУСИАД
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Чанде пеш Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбари Ассотсиатсияи саноатчиён ва тоҷирони мустақил (МУСИАД) Наил Олпак мулоқот намуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавӣ муҳокима шуданд. Зимни сӯҳбат доир ба масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнерегетика, ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ табодули назар сурат гирифт. Дар ҷараёни мулоқот Наил Олпак ба лоиҳаҳо ва фазои сармоягузории Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, қайд кард, ки маълумоти пешниҳодшударо ҷиҳати ҳамкорӣ ва иштирок дар лоиҳаҳо ба аъзои МУСИАД пешниҳод мекунад.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






