Воридоти маҳсулоти нафту газ ба ҷумҳурӣ

Август 13, 2012 13:00

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ ). — Тибқи маълумоти мавҷуда дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ба ҷумҳурӣ ба миқдори 43985 тонна гази моеъ ворид шуда, ба истифодабарандагон 41129 тоннааш фурӯхта шудааст.  Бояд тазаккур дод, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 510 адад нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дошта, ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта (494) 16 адад зиёд мебошад. Аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 81 млн. 120 ҳазор метри мукааб гази табиӣ дар моҳи январ-июли соли ҷорӣ ворид шуда, корхонаҳои саноатӣ, маишӣ ва аҳолӣ бо он таъмин гаштаанд. Инчунин то имрӯз ба ҷумҳурӣ ба миқдори 281,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин-142 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ- 89 ҳазор тонна, мазут-4,8 ҳазор тонна, сӯзишвории ТС-1-36,8 тонна, равғанҳои молиданӣ-6,6 ҳазор тонна, битум-3 тонна ворид шудааст.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Август 13, 2012 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд