«Ёқут-2000» ҳоҷиёни тоҷикро рақамгузорӣ мекунад
Душанбе,16 август. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Корхонаи дӯзандагии «Ёқут-2000» барои зоирини тоҷик 6200 дона борхалта омода намуд. Бино ба гуфти Абдуҳалим Қодиров, директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут -2000», ҳар кадоме аз ин ҷомадонҳо ва борхалтаҳои китфандоз ба ҷуз акси парчами Тоҷикистон, ҳамчунин рақами мушаххас дорад.Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ, ки беш аз 2 миллион зоир аз гӯшаю канори олам ҷамъ меоянд, зоирини тоҷик ҳамдигар ва борхалтаи хешро гум накунанд.Дар сурати гум шудан ҳам аз рӯи парчами Тоҷикистон ва рақами мушаххас дарёфт кардани ҳоҷии тоҷик осон хоҳад шуд. Дар айни замон ин маҳсули «Ёқут-2000» омодааст ва як миқдори иловагии борхалтаҳо бе тамғаю рақам ба фурӯши озод бароварда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






