Ёрии башардӯстона дар шаш моҳи охир
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»,Фирӯза Давлатова). — Дар моҳҳои январ-июни соли 2012 ба ҷумҳурӣ 31 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 40403,6 ҳазор доллар ё 12271,1 тонна ёрии башардӯстона расонидаанд. Аз ҷумла орд-8487,7 тонна ё 3967,1 ҳазор доллар, равғани растанӣ-514,9 тонна ё 799,4 ҳазор доллар, доруворӣ ба маблағи -17709,7 ҳазор доллар, либос ва пойафзол-705,3 ҳазор доллар, инчунин маҳсулоти озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои маишии электронӣ, таҷҳизоти компютерӣ ворид шуд. Аз ҷумлаи мамлакатҳои ёрирасон таносуби бештар ба ИМА-45,3 фоиз, Миср-5,2 фоиз, Нидерланд-4,5 фоиз, Латвия-4 фоиз, Ҷумҳурии Корея-3,7 фоиз, Эрон-3,3 фоиз, Олмон ва Чин-3,1 фоиз, Фаронса-3 фоиз, Дания-1,9 фоиз, Русия-12,9 фоиз, Қазоқистон 3,5 фоиз ва Кирғизистон-1,5 фоиз рост меояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






