Захираи алафи табиӣ ду маротиба зиёд шуд
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). Тибқи иттилои раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ майдони 101340 гектар алафи табиӣ ҷамъоварӣ гардид, ки дар умум 77476 тоннаро ташкил дода, баробари 76 фоиз мебошад. Захираи алафи табиӣ соли ҷорӣ ҳамагӣ 178135 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 90204 тонна ё 2 маротиба зиёд аст. Дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ алафи табиӣ 2,3 маротиба ва дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон 122 фоиз, дар ноҳияи Тоҷикобод 9,9, дар Ҳисор 3,5, дар Файзобод 2,6 маротиба зиёд алафи табиӣ захира шудааст. Ҷамъоварӣ ва захираи алафҳои табиӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






