Зарари сӯхтор— 21 ҳазор сомонӣ

Август 1, 2012 09:05

Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 30 июли соли ҷорӣ, тахминан соати 12:30 дақиқа дар каҳхонаи Нурхон Умароваи 60- сола, сокини деҳаи Ойкамари ноҳияи Хуросон сӯхтор ба амал омад. Алангаи оташ масоҳати 180 метри мураббаъро фаро гирифт, ки дар натиҷаи он 1 адад мошини тамғаи «Toyota Hilux Surf» (Тойота Хайлюкс сурф) ва 1 тонна коҳ сӯхта нобуд шудааст.Сабаби сар задани сӯхтор вайрон кардани қоидаҳои васлкунии таҷҳизоти барқӣ (аккумулятор) буда, зарари расида 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин худи ҳамон рӯз тахминан соати 13:00 дақиқа дар каҳхонаи Усмонбой Мардонови 51- сола, сокини деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор дар масоҳати 40-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа болопӯши коҳхона ва 300 кг коҳ сӯхта нобуд шудааст. Сабаби сар задани сӯхтор бозӣ кардани кӯдакон бо оташ мебошад. Зарари расида 1400 сомониро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД кишвар дар натиҷаи татбиқи қарору дастурҳои дахлдор ва бурдани корҳои профилактикиву фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор шумораи сӯхторҳо дар нимсолаи соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта то 10, 7 % ё 59 ҳолат кам гардидааст. Новобаста аз чорабиниҳои пешгирикунанда дар ин давра дар натиҷаи сӯхтор 17 нафар фавтидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 13,3 % ё ду нафар зиёд буда, аз онҳо 10 нафарашон ноболиғ мебошанд.

Август 1, 2012 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард