Зойирин, омодаед ?
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Абдураҳим Холиқов бо роҳбаладони мавсими Ҳаҷ —2012 баргузор гардид. Дар ҷараёни он масъалаҳои марбут ба омода намудани зойирини тоҷик барои ҳаҷ, риояи фарҳанги исломӣ дар Хонаи Худо, дар сатҳи баланд хидмат расонидан ба зойирини тоҷик ва дигар масоили вобаста ба фаъолияти роҳбаладон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Кумита аз роҳбаладон тақозо намуд, ки барои хидмат расонидан ба зойирин кӯшиши худро дареғ надоранд. Тибқи барномаи Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як роҳбалад бояд тӯли ду моҳ бо гурӯҳи зойирине, ки онро роҳбаладӣ мекунад, дарсҳои тайёриро ба анҷом расонад. Дар сурати анҷом надодани ӯҳдадориҳои худ роҳбалад метавонад аз рӯйхати роҳбаладон соқит гардад. Бояд зикр намуд , ки имсол беш аз 10 нафар роҳбаладони соли гузашта бе супоридани имтиҳон ба рӯйхати роҳбаладон ворид гардиданд. Имсол барои зойирини тоҷик 2 ҷуфт либос аз матоъи пахта, 2 ҷомадон, пойафзол, ва ғайра ҷудо гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






