112 корхонаи саноатӣ фаъолият накард
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба иттилои мудири бахши саноати Агентии омори назди Президенти ҶТ С.А. Иванникова, дар моҳҳои январ-августи соли 2012 аз 974 корхонаи истеҳсолӣ 570 корхона аз сатҳи истеҳсоли ҳамин давраи соли 2011 бештар маҳсулот истеҳсол карда бошад ҳам, мутаассифона, 112 корхона фаъолият накард. Аз чӣ бошад, ки муттасадиёни соҳа то имрӯз сабаби аз фаъолият бозмондани ин корхонаҳоро шарҳ додан намехоҳанд. Чунон ки маълум шуд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 14 корхонаи истеҳсолӣ 7 корхона, дар вилояти Суғд аз 276 — 189 , дар вилояти Хатлон аз 244 — 143, дар шаҳри Душанбе аз 228 корхона 128 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) аз 185 корхонаи истеҳсолӣ 98 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 бештар маҳсулот истеҳсол намудаанд. Бо вуҷуди ин, 112 корхонаи истеҳсолӣ аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз фаъолият надоранд. Пас саволи матраҳ ин аст, ба таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат дар бораи зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани маҳсулоти ватанӣ кӣ бояд ҷавоб гӯяд?








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






