Ғалабаи наврасони тоҷик бар дастаи Ӯзбекистон
24 cентябр (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев) – Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар дидори дуввуми худ дар силсилаи бозиҳо барои Ҷоми Президенти Туркманистон бо футболбозони Ӯзбекистон қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 4 бар 0 зафар ёфтанд.Комрон Турсунов, Зокир Иброҳимов, Ҷаҳонгир Алиев ва Акрам Қурбонов тӯбҳоро ба нишон расониданд. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи аввал футболбозони тоҷик аз дастаи мунтахаби Украина бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст хӯрда, футболбозони ӯзбек бар белорусҳо бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз гашта буданд. 25 сентябр наврасони тоҷик бо ҳамтоёни худ аз Белорус бозӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






