Қадрдонии бонкдорон
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). –Бахшида ба ҷашни 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар БДА «Амонатбонк» бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк ҷаласаи идона баргузор гардид. Раиси раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ёдовар шуд, ки ҳама дастовардҳои бонк аз оромиву ободӣ ва истиқлолияти комили Тоҷикистон буда, ноил шудан ба пешравиҳо дар бахши бонкдорӣ, пеш аз ҳама аз меҳнати софдилонаи кормандони он аст. Намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Сайфулло Сафаров ҳозиринро бо 21-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар мавриди созандагиву меҳнати ҳалол ба Ватан ва самараи истиқлол дар солҳои соҳибистиқлолӣ сухан гуфт. Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» 109 нафар корманди филиалу марказҳои хизматрасониро барои меҳнати софдилона бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






