Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ афзуд
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Тайи ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми хизматрасонии пулаки ба аҳолии ҷумҳури 5 милиарду 934 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дод, ки назар ба нишондоди соли гузашта баробари 14 фоиз зиёд аст. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, корхонаю муассисаҳои ба қайд гирифташуда ба маблағи беш аз 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ хизмати пулакӣ расониданд, ки он 47, 5 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониро ташкил медиҳад. Аз моҳи январ то моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ назар ба нишондоди миёна 4, 3 баробар зиёд буд. Дар ҳамин муддат Ҷамъияти саҳомии «Кафолат», вазорати обёрӣ ва захираҳои об ва вазорати нақлиёт ва комуникатсия ҳаҷми хизматрасонии пулакиро коҳиш доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






