Ҳамкории олимони Тоҷикистону Туркманистон
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).- Созишномаи ҳамкории байни Академияҳои улуми Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид. Ин яке аз санадҳои ҳаётан муҳими силсилаи созишномаҳоест, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон имзо шуда буданд. Дар ин сафар Сарвари давлати моро гурӯҳи кормандони масъул ҳамроҳӣ мекард, ки ба он президенти Академияи улуми Тоҷикистон, академик Мамадшо Илолов низ шомил буд.
Ба гуфтаи Мамадшо Илолов, ин сафар марҳилаи наве дар рушду таҳкими муносибатҳои бародаронаи байни Тоҷикистону Туркманистон ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисодиёт ва соҳаҳои гуманитарӣ маҳсуб меёбад.Академик Мамадшо Илолов созишномаи ҳамкории Академияҳои улуми ҳарду кишварро тавсиф намуда, гуфт ки ин созишнома дар заминаи баробарҳуқуқӣ ва фоидаи ҳамдигар имзо гардида, самтҳои муҳимтарини фаъолияти илмиро дар бар мегирад.Мамадшо Илолов иброз дошт, ки ҳамкории бародарона бо ҳамтоёни туркман самараҳои нек бахшида, саҳми илмро ба рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти халқҳои тоҷику туркман афзун мегардонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






