Ҳамоиши омўзишии Шўрои ВАО дар Панҷакент
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ). -Дар шаҳри Панҷакент ҳамоиши омўзишии Шўрои ВАО-и Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши Шўрои ВАО-и Тоҷикистон дар риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи иҷроияи Шўрои ВАО-и Тоҷикистон хабар доданд. Шоҳида Худойбердиева, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент дар ин нишаст нақши Шўрои воситаҳои ахбори оммаи кишварро дар бобати ба вуҷуд омадани журналистикаи босифат ва риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО бо таърихи фаъолияти ин ниҳоди худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ ширкаткунандагонро ошно сохта таъкид намуд, ки ҳар шахси манфиатдор метавонад дар сурати вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқӣ ба Шӯро бо аризаи хаттӣ муроҷиат кунад. Дар поёни ҳамоиш ба иштирокчиён китоби «Шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» дар Тоҷикистон тақдим карда шуд Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






