Ҳамоиши Рӯдакишиносон
Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Бунёди Рӯдакӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои рушди он» ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш мутахассисони соҳа, олимону нависандагони маъруфи кишвар ширкат намуданд. Раиси Бунёди Рӯдакӣ Абдунабӣ Сатторзода перомуни осори гаронмояи устод Рӯдакӣ ва арзишҳои баланди он сухан гуфт. Инчунин дар маҳфил академик Кароматулло Олимов, директори Китобхонаи миллӣ, академик Носирҷон Салимов ва дигарон сухан гуфта, дар атрофи мавзӯи мазкур андешаҳои худро баён намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






