Ҳашар ба истиқболи истиқлолият

Сентябрь 3, 2012 16:20

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе ва барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ, ободониву тозагӣ ва маърифатнокӣ таҷлил намудани ҷашни 21-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 август то 8 сентябри соли 2012 дар доираи ҳашари умумиҷумҳуриявӣ тибқи қарори раиси шаҳр М. Убайдуллоев дар пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ эълон гардидааст. Тибқи ин қарор дар ин рӯзҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе корҳои сохтмониву ободонӣ, таъмири биною иншоот, тоза намудани атрофи идораҳо, иншооти иҷтимоию маишӣ, кӯчаю хиёбонҳо, обод намудани гулгаштҳо ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ гузаронида мешавад.Аз роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатии ҷумҳурӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ, идораю муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, хусусию саҳомӣ, аҳли ҷамоатчигии пойтахт ва ҳар як сокини он хоҳиш мешавад, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар татбиқи тадбирҳои ободониву созандагӣ, вобаста аз иқтидори мавҷудаашон иштироки ҳамаҷонибаро дар ҳашари умумиҷумҳуриявӣ таъмин намоянд.

Сентябрь 3, 2012 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд