Ҳунарманди машҳури рус ба Тоҷикистон меояд

Сентябрь 6, 2012 15:38

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 21 сентябри соли ҷорӣ соати 17:30 дар толори консертии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода барномаи ҳунарии арғунуннавози хизматнишондода ва ходими санъати Русия, ҳунарманди Филармонияи давлатии Олтой Сергей Михайлович Буткеев ва дигар ходимони фарҳангии Русия баргузор мегардад. Дар ин бора сармутахассиси Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.Тибқи иттилои манбаъ, ин барномаи ҳунарӣ бо мақсади рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия дар чаҳорчӯби маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба 1150-умин солгарди давлатдории Русия бахшида шудаанд, гузаронида мешавад. Барнома бо ибтикори Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги кишвар дар ҳамкорӣ бо намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Дар ҷараёни сафар мулоқоти ҳайат бо вазирони фарҳанг ва маорифи кишвар дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайат аз 19 то 22 сентябр сурат мегирад.

Сентябрь 6, 2012 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад