Ҷалби сармоягузорони Британия ба Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2012 16:04

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 4 сентябр раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо директори шўъбаи робита бо бахши хусусии Бонки ҷаҳонӣ Найҷел Петерс вохўрӣ доир намуд. Найҷел Петерс ба Душанбе барои омодасозии ҳисобот оид ба вазъ ва имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. Д. Саидов оид ба ваколату вазифаҳои Кумита маълумот дода, гуфт, ки дастгирии рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ е аз масъалаҳои муҳими фаъолияти Кумита арзёбӣ мегардад ва дар ин самт корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Ҳамчунин Д. Саидов оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтаргардонии шароити фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар мамлакат ва ҷалби ҳар чӣ бештари сармоягузорон ба иқтисодиёти сухан гуфт. Қайд шуд, ки Тоҷикистон дорои фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани он ва муҳайёгардонии шароитҳои муносибу муосир барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар мамлакат мунтазам чора меандешад. Дар навбати худ, Найҷел Петерс ҳавасмандии доираи соҳибкорони британиявиро ба соҳаҳои энергетика ва саноати кўҳӣ ифода карда, иброз дошт, ки ҳадаф аз сафари ў суръатбахшии ҳамкорию ҳамгироии доираҳои бахши хусусии Британия ва Тоҷикистон, инчунин муаррифии фазои воқеӣ ва иқтидору имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорони Британияи Кабир мебошад. Дар ин замина ў қайд кард, ки аз натиҷаи сафари мазкур ҳисобот тартиб дода, онро ба доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони бритонӣ пешниҳод хоҳад кард. Ҷонибҳо ҷиҳати ташкили Анҷумани сармоягузорони Британия дар шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд.

Сентябрь 6, 2012 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд