Ҷамъбасти озмуни Бонуи сохибкори сол -«Фараҳ -2012»

Сентябрь 5, 2012 14:09

Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 7 сентябр, дар арафаи рӯзи Истиқлолият, дар пойтахти Тоҷикистон, дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси» маросими тантанавии тақдими мукофот ба ғолибони озмуни якуми ҷумҳуриявии Бонуи соҳибкори сол «Фараҳ — 2012» баргузор мегардад. Дар ин рӯз номи ғолибони панҷ номгӯй, ки дар соҳаҳои хеш беҳтарин дониста мешаванд ва дорандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Фараҳ — 2012» маълум карда мешаванд. Тӯли моҳи август аъзои комиссияи экспертӣ барои ба фаъолияти довталабон баҳо додан бо ҷидду ҷаҳд кор карда, шахсан ба ҷои соҳибкории бонувон ташриф оварданд ва ба фаъолияти онҳо баҳо доданд.Ба маросим беш аз 250 нафар меҳмон, аз ҷумла намояндагони соҳаи тиҷорат, ходимони сиёсӣ, ҷамъиятӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқии ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма даъват шудаанд. Меҳмонон имконият меёбанд, ки бо иштирокдорони озмун аз наздик шинос шаванд, ба иқтидори соҳибкории онҳо баҳо диҳанд ва дар мисоли фаъолияти соҳибкории иштирокдорони озмун ба рушди ояндаи тиҷорати бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо диҳанд.Дар ҷамъбасти маросим намоиши наворҳои тасвирӣ дар бораи ҳар як иштирокдори озмун дар назар аст ва панҷ филми кӯтоҳметраж таҳти унвони «Ҳаёт ва фаъолияти соҳибкории бонувони Тоҷикистон- 2012» тавассути шабакаҳои телевизионии марказӣ намоиш дода мешавад. Фаъолияти бонувони соҳибкор, ки дар озмун ширкат меварзанд, дар саҳифаҳои маҷаллаи «Бонувони соҳибкори Тоҷикистон- 2012» васеъ инъикос мегардад. Дар 64 саҳифаи маҷалла, ки бо теъдоди 750 нусха чоп мегардад, иттилоъ дар бораи 30 нафар довталаби асосии озмун, муроҷиатномаи сарпарастон ва сарвари давлат ба иштирокдорони озмун бо ду забон (тоҷикӣ ва англисӣ) ҷой дода шудааст. Дар сухани табрикии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд менамояд: «Дар давраи тараққиёти беш аз 20-солаи худ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва демократӣ дар рушди иқтисод, ҷорӣ намудани муносибатхои бозорӣ ва рушди сохибкори қадамҳои устувор гузошт. Дар ин роҳ саҳми соҳаи соҳибкорӣ калон аст. Танҳо дар бахши соҳибкории хурду миёна, ки шумораи умумии иштирокдорони онҳо беш аз 145 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, қариб 25 ҳазор нафарашон занон мебошанд ва ҳиссаи онҳо дар буҷети давлат бисёр назаррас аст» Сарвари давлат қайд намуд, ки ин баҳои баланд бонувони соҳибкорро барои ба даст овардани натиҷаҳои калон, васеъ намудани тиҷорат ва саҳмгузорӣ намудан дар рушди иқтисодиёти мамлакат равона менамояд.Дар маросими тақдими ҷоизаҳо ҳунармандони эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Таҳмина Ниёзова, Шоҳрух Юсупов ва дигарон бо сурудҳои худ ба тантана шукӯҳу шаҳомати тоза хоҳанд бахшид.7 сентябр соати 10,00 дар меҳмонхонаи «Хаят Реҷенси» конфронси ҷамъбастӣ таҳти унвони «Омӯзиш, инноватсия, омили «Фараҳ -2012» ба муносибати озмуни нахустини ҷумҳуриявии бонувони соҳибкор барпо мегардад. Ин конфронс фаъолияти Ассотсиатсияи Миллии Занони Соҳибкори Тоҷикистонро дар тӯли шаш моҳи омодагӣ ва баргузории озмуни Бонувони соҳибкори Тоҷикистон «Фараҳ — 2012» ҷамъбаст менамояд. Дар он масъалаҳои рушди соҳибкории бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Иштирокчиёни озмун, ки соҳаҳои мухталифи соҳибкориро муаррифӣ менамоянд, ба диққати иштирокдорони конфронс таърихи муваффақиятҳои худро пешниҳод мекунанд, дар бораи пешравию камбудиҳои фаъолияти соҳибкориашон мубодилаи афкор менамоянд.Намоиши филмҳои кӯтоҳметражи «Ҳаёт ва фаъолияти соҳибкории бонувони Тоҷикистон -2012» ба иштирокдорони конфронс имконият фароҳам меоварад, то бо комёбиҳову мушкилоте, ки бонувони соҳибкор дар фаъолияти худ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, пурратар ошно шаванд. Дар конфронс инчунин намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва сохторҳои давлатӣ иштирок менамоянд.

Сентябрь 5, 2012 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!