Ҷамъоварии ҳосил идома дорад
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ то 10-уми сентябри соли ҷорӣ аз майдони 254 ҳазору 615 гектар беш аз 863 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладонаро ҷамъоварӣ намудаанд. Хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ дар ин муддат ҳамчунин 398 ҳазор тонна картошка, беш аз 700 ҳазор тонна сабзавот, 300 ҳазортонна полизӣ, 158 ҳазору 242 тонна мева ва 62 ҳазору 842 тонна ангур ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 19 фоиз зиёд аст. Айни замон ҷамъоварии сабзавот, мева ва кӯфта гирифтани ҳосили ғаллаи даравидашуда дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.Ба иттилои манбаъ, дар майдони 76 ҳазор гектар заминҳои холишуда кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 2 фоиз кам аст. Аз ҷумла дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 20 фоиз, ноҳияҳои Шаҳринав ва Ваҳдат мутаносибан 18 — 12 фоиз камтар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст. Ин дар мавридест, ки ҳеҷ гуна сабаб барои кам кардани кишти такрорӣ дар ин ноҳияҳо вуҷуд надошт. Танҳо беэътиноӣ ба кор боиси иҷро нашудани нақшаи кишти такрорӣ дар ин ноҳияҳо гардидааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






