Ҷамъоварии аслиҳаи оташфишон дар Бадахшон

Сентябрь 21, 2012 13:54

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Дар шаш моҳи соли равон дар миқёси ВМКБ 137 адад силоҳи оташфишон, ба миқдори 251 адад силоҳу лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, аз ҷумла зиёда аз 100 адад автомати тамғаи Калашников, 6 пулемёт, 22 адад гранатамёт, як адад миномёт, як адад ДШК, як адад силоҳи тамғаи «Зенитка» ва дигар муҳимоти ҷангӣ аз аҳолӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор мусодира шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар вилоят дар ин муддат беш аз 20 ҳазор адад лавозимоти ҷангӣ ва зиёда аз 150 адад маводи тарканда мусодира гардид. Инчунин дар ин давра ду нафар ҷинояткори дар кофтуков қарордошта- шаҳрвандон Шосулаймонов Умед Шосулаймонович, соли таваллудаш 1982, гумонбар бо моддаи 237 қ. 2 ва Бекназаров Матлаб Султонназарович, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Охунҷон, гумонбар бо моддаҳои 111 қ. 2, 237 қ. 3 ва 330 қ. 3 дастгир гардиданд.Ба иттилои манбаъ, номбурдагон дар латукӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мамониат дар иҷрои ҳукми суд даст доранд.

Сентябрь 21, 2012 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд