Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Екатеринбург
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 10 сентябри соли ҷорӣ дар толори зебои пуршукӯҳ ва қадимаи «Дом актеров» -и шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ҷашни 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар чорабинӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Асоев, роҳбари дастгоҳи Ҳукумати вилояти Свердловск Я.П. Силин, вазири робитаҳои иқтисодии хориҷии вилояти Свердловск А.В. Харлов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар шаҳри Екатеринбург С.Л. Хван ва дигар намояндагони мақомоти салоҳиятдор ва ҷамъиятҳои дар шаҳри Екатеринбург воқеъбуда иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни тоҷике, ки дар Консерваторияи давлатии вилояти Свердловск таҳсил мекунанд, барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






