Ҷашнвораи «Рассомони наврас»

Сентябрь 19, 2012 15:11

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бо дастгирии Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов фестивали ҷумҳуриявии «Рассомони наврас» гузаронида мешавад. Тавре ки сармутахассиси Вазорати фарҳанг Раҳматулло Раҳматуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, мақсади фестивали «Рассомони наврас» аз бедор намудани ҳисси зебоипарастии наврасон, инчунин дастгирии мактаб, студия ва коллеҷҳои санъати тасвирӣ иборат аст.Гузаронидани фестивал дар байни хонандагони мактабҳои рассомӣ бамаврид буда, бо ин роҳ омӯзгорон ва рассомони навраси мактабҳои санъати тасвирӣ, студияҳо асарҳои эҷодкардаи худро метавонанд манзури тамошобинон гардонанд.Ташкилкунандагони асосии фестивал омӯзгорони мактабҳои санъати тасвирӣ мебошанд, ки дар қалби кӯдаконаи рассомони наврас меҳри санъати тасвирӣ, дӯст доштани зебоии кишвари биҳиштосои худ ва қадр кардани Ватану диёрро ҷо додаанд.Маросими кушоиши фестивал 20 сентябр соати 10.00 дар нигористони ба номи Валимад Одинаеви Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов баргузор мегардад.

Сентябрь 19, 2012 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд