Ҷинояткор боз ҷиноят содир кард
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар қаламрави шаҳри Кӯлоб мошини тамғаи «Mercedes-Benz»-ро, ки аз ҷониби сокини маҳаллӣ идора мешуд, мавриди боздошт қарор доданд.Дар ҷараёни санҷиш аз бордони мошин зарфи фӯлодие пайдо шуд, ки дар дохилаш 10 кило маводи нашъадори афюн мавҷуд буд.Дар ҷараёни тафтишот маълум гардид, ки ин миқдори махсусан калони афюн ба мусофири мошини тамғаи «Mercedes-Benz», шаҳрванди 49-солаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон тааллуқ дорад. Мавсуф қаблан бо моддаи 200, қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум шуда будааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






