Ҷопон соҳаи тандурустии Суғдро инкишоф медиҳад
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз Ҳироюки Имаҳаши, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азимбой Азизов, раиси ноҳияи Ашт, созишномаи грантӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи инкишоф додани беморхонаи минтақавии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ашт»-ро ба маблағи 115,021 доллари ИМА ба имзо расониданд. Ҷумҳурии Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо мақсади дастгирии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи он, барои сохтани бинои замонавии тиббӣ маблағ ҷудо намуд. Филиали беморхонаи марказии ноҳияи Ашт дар шаҳраки Дӯстӣ ҷойгир буда, аз шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, терапевтӣ ва гинекологӣ иборат аст.Ҳар сол тақрибан 6000 нафар бемор аз шаҳраки Дустӣ дар ин беморхона табобат мегиранд, ки 46%-и онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон дар беморхона дар айни замон танҳо 2 шӯъба: шӯъбаи кӯдакона ва занона вуҷуд дорад, ки табобат дар онҳо дар шароити номусоид ва ба талабот ҷавобгӯй набуда, гузаронида мешавад. Бинои нав бо 13 ҳуҷра дар чаҳорчӯбаи кӯмаки бебозгашт- грант сохта мешавад ва баъди пурра ба истифода додан он ба беморхонаи минтақавӣ табдил меёбад. Ин маркази тиббӣ бо 24 ҷойи тиббӣ таҷҳизонида шуда, ба кӯдакон ва занони шаҳраки Дӯстӣ хизмати хуби замонавӣ хоҳад расонид. Беморхонаи нав ҳамзамон бо шароити зарурӣ барои гузаронидани ҷарроҳӣ таҷҳизонида шудааст. Хизматрасонии хуби тиббӣ барои беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардуми ноҳияи Ашт равона гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






