21 соли вусъат ва пешрафт

Сентябрь 9, 2012 13:57

Душанбе, 9 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- «Имрўзҳо Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти давраи ҷаҳонишавӣ ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии худ ворид гардидааст, ки пайгирона вусъат бахшидани ислоҳот, таъмин намудани самаранокии татбиқи он, рушди устувори иқтисодӣ ва бо ҳамин роҳ зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароит барои рӯзгори шоистаи шаҳрвандони мамлакат вазифаҳои асосии ин давраи рушд мебошанд». Ин нукта дар паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид. Президенти кишвар зикр кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар суханронии худ Сарвари Давлат аз дастовардҳои дар тӯли 21 соли соҳибихтиёрӣ бадастомада ёдовар шуда, гуcтариши муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои мутараққии оламро дастоварди бузурги истиқлоли Ватан унвон кард. Ба гуфтаи Президент: «муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни дунё торафт вусъат пайдо карда истодаанд. Вале бояд гуфт, ки кишвари мо чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз равандҳои олами муосир берун буда наметавонад, зеро асоси густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни давлатҳо ва тақвияти муносибатҳои минтақавӣ дар заминаи манфиатҳои муштарак ба вуҷуд оварда мешавад».Эмомалӣ Раҳмон таъкидан иброз дошт, ки чун авзои зудтағйирёбандаву бесуботи ҷаҳони муосир, бӯҳронҳои фарогири молиявию иқтисодӣ ва дигар проблемаҳои глобалӣ, аз ҷумла гармшавии иқлими сайёра ва мушкилоту проблемаҳои бо он вобаста моро водор месозанд, ки ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, аз захираву имкониятҳои дар ихтиёр доштаамон оқилонаву самаранок истифода намоем, сарфаю сариштакор бошем, наслҳои наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани илму дониш, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия кунем.

Сентябрь 9, 2012 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд