316 ҳазор тонна ангишт ба фурӯш бароварда шуд
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи ангишт бо дарназардошти ангишти аз дигар ҷумҳуриҳо воридшуда (9631 тонна), 316 ҳазору 18 тонна ангишт ба фурӯш бароварданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 171 ҳазору 292 тонна зиёд аст. Айни замон дар анбори корхонаҳои ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 34 ҳазор тонна ангишт мавҷуд аст.Аз маълумоти ба Вазорати энергетика ва саноат пешниҳод намудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи вилоятҳои ҷумҳурӣ бармеояд, ки дар 1695 адад нуқтаи фурӯш ба миқдори 50 ҳазору 160 тонна, аз он ҷумла, дар вилояти Суғд 5373 тонна, Хатлон-18364, ВМКБ-490, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба миқдори 26 ҳазору 384 тонна ангишт захира шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






