56 миллион сомонӣ –барои соҳаи маорифи Бадахшон
Хоруғ, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- 16-уми сентябр дар доираи чорабиниҳо вобаста ба ташрифи Президенти мамлакат ба шаҳру навоҳии ВМКБ дар мактаби рақами 2 шаҳри Хоруғ вохӯрии раиси вилоят Қодири Қосим бо толибилмони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо баргузор гардид. Раиси вилоят зикр кард, ки сол аз сол таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат ба соҳаи маориф бештар мегардад. Дар давоми даҳ соли охир дар ВМКБ 167 бинои мактаб навсозӣ шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Агар маблағгузории соҳа дар вилоят дар соли 2000-ум ҳамагӣ ду миллион сомониро ташкил медод, соли равон барои ин соҳаи афзалиятнок 56 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки 59 фоизи буҷаи умумии вилоятро дарбар мегирад. Ҳамчунин хамасола баланд бардоштани маоши омӯзгорон низ шаҳодати ғамхориҳои Ҳукумати кишвар дар ҳаққи омӯзгорон мебошад. То соли 2015-ум ин раванд ду маротибаи дигар дар назар дошта шудааст. Имрӯз пешрафти технологияи муосир, бархӯрди тамаддунҳо ва фарҳангҳо , ҷаҳонишавӣ моро водор месозад, ки равиши тарбияро дигаргун созем.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






